Қолибоф: Амалиёти ғофилгиронаи «Тӯфони Ақсо» дар зумраи ҳамосаҳои таърихсоз аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124796-Қолибоф_Амалиёти_ғофилгиронаи_Тӯфони_Ақсо_дар_зумраи_ҳамосаҳои_таърихсоз_аст
Порс Тудей — Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: «Амалиёти ғофилгирона ва густурдаи "Тӯфони Ақсо" дар зумраи ҳамосаҳои таърихсоз аст, ки ҷаҳонро шигифтзада кард ва тайи он муборизони муқовимат, талафот ва хисороти сангинеро ба душман ворид сохтанд».
(last modified 2026-05-07T15:52:42+00:00 )
Май 07, 2026 20:33 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯаи шеъри «Тӯфони Ақсо» бо кӯшиши Муҳаммадмаҳдӣ Абдуллоҳӣ, шоири эронӣ
    Маҷмӯаи шеъри «Тӯфони Ақсо» бо кӯшиши Муҳаммадмаҳдӣ Абдуллоҳӣ, шоири эронӣ

Порс Тудей — Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: «Амалиёти ғофилгирона ва густурдаи "Тӯфони Ақсо" дар зумраи ҳамосаҳои таърихсоз аст, ки ҷаҳонро шигифтзада кард ва тайи он муборизони муқовимат, талафот ва хисороти сангинеро ба душман ворид сохтанд».

Маҷмӯаи шеъри «Тӯфони Ақсо» бо кӯшиши Муҳаммадмаҳдӣ Абдуллоҳӣ, шоир ва пажӯҳишгари эронӣ мунташир шуд. Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, китоби «Тӯфони Ақсо» шомили ашъори 110 шоири барҷаста, пешқадам ва ҷавони Инқилоби Исломӣ аст, ки ба ҳамосаи мардуми Фаластин дар амалиёти «Тӯфони Ақсо» пардохтаанд.

Муқаддимаи ин китоб тавассути Муҳаммадбоқир Қолибоф навишта шудааст. Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар муқаддимаи ин китоб бо баёни ин ки ганҷинаи ифтихороти ҷабҳаи муқовимат саршор аз саҳнаҳои рашодат ва исори размандагони шуҷоъ ва далер бар алайҳи душманони палид ва мутаҷовузи режими саҳюнистӣ мебошад, ки дар таърих мондагор шудааст, навишт: «Амалиёти ғофилгирона ва густурдаи "Тӯфони Ақсо" дар зумраи ҳамосаҳои таърихсоз мебошад, ки ҷаҳонро шигифтзада кард ва тайи он муборизони муқовимат, талафот ва хисороти сангинеро ба душман ворид сохтанд».

Раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ дар идомаи матлаби худ овардааст: «Ҳамчунон ки паёмадҳои комили ин амалиёт дар ҳоли ошкор шудан аст, миқёс ва ҳамоҳангии ҳамосаи "Тӯфони Ақсо" ҳокӣ аз тавоноиҳои рӯ ба рушд ва тавонмандии амалиётии ҷасурона ва тақвиятшуда аз сӯи фармондеҳон ва размандагони муқовимати Фаластин аст. Режими саҳюнистӣ бо мутазалзил шудани он чӣ "бартарии низомии худ" меномид, бадтарин шикасти стратегии худро дар баробари муқовимати Фаластин аз замони эҷоди он дар 75 соли пеш таҷриба мекунад».

Қолибоф тасреҳ кард: «Шеъри муқовимат, алифбои пойдорӣ ва нуқтаи оғозини мубориза дар ҷабҳаи фарҳанг ва андеша аст, ки аҳли қалам ҳамгом ва ҳамразм бо нерӯҳои муҷоҳид ва разманда ба унвони силоҳи муассир бар алайҳи душмани воҳид ва то дандон мусаллаҳ ва мутаҷовуз ба кор мегиранд».

Раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ёдовар шуд: «"Тӯфони Ақсо" натанҳо мазҳар ва намоди мубориза ва ҳамлаи қаҳрамонона бар алайҳи душмани саҳюнистӣ ва рӯбарӯии ҷабҳаи муқовимат дар як амалиёти низомӣ мебошад, балки аз сӯи дигар таҷаллӣ ва намоди тӯфоне аз ҷинси калима ва калом ва суханварӣ ва шеър дар адабиёти меҳвари муқовиматро маъно бахшидааст».