Нахустин чашми маснӯии ҷаҳон дар куҷо кашф шуд?
Порс Тудей - Барои нахустин бор дар ҷаҳон дар шаҳри Сӯхтаи Эрон як чашми маснӯӣ бо пешинаи чаҳор ҳазору 800 сол кашф шуд.
Яке аз арзишмандтарин манотиқи бостонии Эрон, ки номи он низ дар зумраи осори ҷаҳонӣ ба сабт расида, шаҳри Сӯхта аст. Ин минтақа дар фосилаи панҷоҳ километрӣ аз шаҳри Зобул дар Систон ва Балӯчистон дар ҷануби шарқи Эрон, қарори гирифта ва пешинаи таърихии он ба беш аз панҷ ҳазор сол қабл боз мегардад.
Ба гузориши Порс Тудей, дар хусӯси номгузории ин шаҳр ба шаҳри Сӯхта, далоили мухталифе аз сӯи коршиносони таъриху бостоншиносӣ матраҳ шуда, аммо он тавр, ки аз бештари назарияҳо бар меояд, вуҷӯди лояҳои хокистар дар хоки ин минтақа нишон аз он дорад, ки ин макон дар гузашта чандин бори дучори оташсӯзӣ шуда, ки далоили он ҳануз ҳам номаълум аст.
Нахустин чашми маснӯии ҷаҳон, ки дар Эрон кашф шуд, мутаъаллиқ ба зане 25 то 30 сола буд, ки дар яке аз гӯрҳои шаҳри Сӯхта, мадфун шуда буд ва бар рӯи ҷумҷумаи ӯ қарор дошт. Чашми маснӯии ёфт шуда дар чашми чапи ин зан кор гузошта шуда ва бо вуҷӯди гузашти замон ҳануз солим мондааст.
Ҷинси ин чашми маснӯӣ ба таври комил мушаххас нашуда, аммо ба назар мерасад дар сохти он аз қир(битум)-и табии махлӯт ба навъе чарбии ҷонваре истифода шудааст.
Бар рӯи ин чашми маснӯӣ резтарин мӯйрагҳои дохили чашм тавассути мафтӯлҳои тиллоӣ ба қутри камтар аз ниммиллиметрӣ тарроҳӣ шуда ва мардумаки ин чашм низ дар васат тарроҳӣ шуда ва теъдоде хутути мувозӣ, ки тақрибан як лузиро ташкил медиҳанд, перомуни мардумак дида мешавад.