Узвияти Ӯзбекистон дар Иттиҳодияи Авруосиё, Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст
Шӯрои олии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар ҳоле аз пазириши Ӯзбакистон ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақа ба унвони узви нозири хабар дод, ки Тоҷикистон шаш сол аст, ҳамчунон барои пайвастан ба ин созмон бар сари дуроҳӣ қарор дорад.
Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Узбакистон аз рӯзи 11 декабр ба таври расмӣ ба узвияти нозири Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё даромад, ки ин иқдом дар оянда заминаи узвияти доими ин кишварро дар ин ниҳоди минтақаӣ фароҳам хоҳад кард.
Аммо мақомоти Тоҷикистон аз соли 2014 токунӯн мегӯянд, ки бо дар назра гирифтани таҷрубаи дигар кишварҳо дар ҳоли баррасии паёмадҳои вурӯд ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.
Назари коршиносон дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Авруосиё чист?
Тардиди Тоҷикистон дар пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи коршиносон бо ин иқдом коргарони муҳоҷири ин кишвар дар муддати як сол ба бозори ягонаи кории ин иттиҳодия мулҳақ мешаванд, ки ба маънеи афзоиши мизони ҳуқуқ ва дастмузди ин афрод хоҳад буд.
Ҳамчунин даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон 15 то 25 дарсад муодили якуним миллиарддоллар афзоиш хоҳад ёфт ва ҳуқуқу дастмузди онон бо атбои Русия ва Қазоқистон баробар хоҳад шуд.
Афзӯн бар ин, бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Авруосиё коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз пардохти ҳазина барои муҷаввизи моҳонаи кор муъоф хоҳанд шуд.
Аз сӯи дигар, раванди содироти мева ва хушкбори Тоҷикистон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия осон мешавад ва даромад арзии ин кишвар низ афзоиш меёбад.
Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Ҳуқуқи бознишастагии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё барои қазоқҳо
- Чаро Тоҷикистон шарики ҷаззобе барои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё нест?
- Талоши Ӯзбакистон барои касби «вазъияти нозир» дар Иттиҳодияи Авруосиё