Идомаи ҳузури шикастхӯрдаи Амрико дар Афғонистон
(last modified Thu, 24 Dec 2020 13:19:19 GMT )
Декабр 24, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳузури шикастхӯрдаи Амрико дар Афғонистон
    Идомаи ҳузури шикастхӯрдаи Амрико дар Афғонистон

Амрико бар идомаи ҳузури низомиёни ин кишвар дар Афғонистон таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, сарпарасти Вазорати дифои Амрико дар ҳошияи сафари худ ба Кобул гуфт низомиёни амрикоӣ дар ҳоли ҳозир қасди хуруҷ аз Афғонистонро надоранд.

«Кристофер Миллер » дар ҷиҳати фиреби афкори умумӣ ва барои мазлумнамоӣ ба дуруғ хитоб ба мардуми Афғонистон афзуд: Амрико дар 20 соли гузашта дар ин кишвар ҳамчунон бо тероризм дар ҳоли ҷанг аст ва дар канори давлат ва мардуми Афғонистон то нобудии ин падида шум меҷангад.

Ин изҳороти фиребдиҳандаи Амрико дар ҳолест, ки Амрико ҳанӯз бо гузашти 20 сол аз ҳузури низомии шикасти худ дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо тероризм на танҳо ба ноамнӣ ва бесуботӣ, густариши тероризм, куштори мардум ва мӯътод кардани мардуми ин кишвар дареғ накард, балки худи Амрико мазҳари тероризми давлатӣ асту аз гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар барандозии давлатҳои мустақили давлати Сурия ва Ироқ аз режими саҳюнистӣ дар таҷовуз ба фаластиниён ҳимоят мекунад.

 

Бештар бихонед: