Доктор Абдуллоҳ ва Аҳмад Масъуд аз "Ҳоҷ Қосим" мегӯянд
(last modified Sat, 02 Jan 2021 12:59:50 GMT )
Январ 02, 2021 17:59 Asia/Dushanbe

Якчанд тан аз шахсиятҳои сиёсии афғонистон, аз ҷумла раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ ва фарзанди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд хотироти худро аз сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ зикр карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабарнигори садо ва симои Эрон дар Кобул, доктор Абдулло Абдулло раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Аҳмади Масъуд фарзанди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд "Қаҳрамони миллии Афғонстон" , Муҳамадҳасани Ҷаъфарӣ раиси ҳизби рифоҳи миллии Афғонистон, Латиф Педром нависанда, пажӯҳишгар ва раиси Ҳизби конгресси миллии Афғонистон, Муҳамад Осим раиси шӯроии мардумии вилояти Бағлон ва намояндаи собиқи маҷлис ва Мавлавӣ Мухтори Муфлиҳ, раиси ҳизби наҳзати исломии Афғонистон аз ҳамроҳии сардор Сулаймонӣ бо нерӯҳои муқовимат дар Афғонистон , нақш ӯ дар ҷаҳони ислом ва интизорот аз ҷонишини сардор Сулаймонӣ гуфтанд.