Поёни интихоботи порлумонии Қазоқистон бо мушорикати 63 дарсадӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i60630
Интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳалии Қазоқистон бо мушорикати 63,1 дар садӣ поён ёфт
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 11, 2021 10:09 Asia/Dushanbe
  • Дар нӯҳ вилояти Қазоқистон иштироки мардум дар интихоботи парлумонӣ беш аз 70% буд
    Дар нӯҳ вилояти Қазоқистон иштироки мардум дар интихоботи парлумонӣ беш аз 70% буд

Интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳалии Қазоқистон бо мушорикати 63,1 дар садӣ поён ёфт

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳалии Қазоқистон соати 20 рӯзи якшанбе 10 январ ба вақти маҳаллӣ поён ёфт ва дар 9 остон мизони мушорикати мардум болои 70 дарсад буд.

Тибқи ин гузориш мардум дар пурҷамъиятттарин шаҳри Қирғизистон Алма-Ата поинтарин мизони мушорикат (30,3 дарсад)-ро дар интихобот доштанд ва дар шаҳри Нурсултон низ 45,1 дарсад аз раъйдиҳандагон ҳузур ёфтанд.

 Ҳисобкунии овозҳо оғоз шудааст ва эҳтимол аст натиҷаҳои пешакӣ фардо, сешанбе эълон карда шаванд.

 

Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон дорои 107 курсӣ мебошад, ки 98-тои онро интихобот бо номзадҳо аз аҳзоби сиёсӣ пур мекунад ва нӯҳи дигарро Ассамблеяи Халқии Қазоқистон ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мекунад.

 

Бештар бихонед: