Январ 11, 2021 12:53 Asia/Dushanbe
  • Содир Ҷабборов ҳудуди 80 дарсад раъйҳои мардуми Қирғизистонро ба даст овардааст
    Содир Ҷабборов ҳудуди 80 дарсад раъйҳои мардуми Қирғизистонро ба даст овардааст

Тибқи натоиҷи аввалияи комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон Содир Ҷабборов бо касби ҳудуди 80 дарсад аз раъйҳои ширкаткунандагон ба унвони раиси ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, бар асоси ҳисобкунии овозҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов токунун 79, 3 дарсад раъйҳои интихоботро аз они худ карда ва агарчӣ имкони тағироти ҷузъӣ дар раъйҳо вуҷуд дорад, аммо дар ҳар сурат пирӯзии Ҷабборов қатъӣ хоҳад буд.

Бар асоси қонуни интихоботи Қирғизистон замоне, ки як номзад беш 50 дарсад овозҳоро касб карда бошад даври дувуми интихобот баргузор намешавад.

Тибқи қонуни асосии Қирғизистон  дар сурати ҳузури 30 дарсадаз воҷидони шароити раъй, интихобот машрӯъ дошта мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Қирғизистон мизони мушорикати мардум дар ин интихоботро 33, 8 дарсад унвон кардааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамапурсӣ барои чигунагии идораи давлати Қирғизистон рӯзи якшанбе 10 январ баргузор шуд ва ситоди интихоботи ин кишвар эълом кард то 24 январ натиҷаи ниҳоиро ҷамъбандӣ мекнад.

Натиҷаи ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосии Қирғизистон низ нишон дод 81, 52 дарсад мардум аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп