Январ 13, 2021 21:05 Asia/Dushanbe
  • Поён додан ба ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ниёз ба тасмимҳои сахт дорад
    Поён додан ба ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ниёз ба тасмимҳои сахт дорад

Коршиноси тоҷики масоили Осиёи Марказӣ ҳалли фаврии ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар даврони раёсати ҷумҳурии Содир Ҷабборовро ғайримумкин донист.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Хурсанд Хуррамов бо ишора ба ваъдаи Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии тозаинтихобшудаи Қирғизистон барои ҳалли фаврии ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон гуфтааст, ки ба далели мушкилоти сиёсиву иқтисодии дохилӣ ин раванд осон нахоҳад буд.

Вай изофа кард: Ин ихтилофот дар солҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадаву дар беш аз ду даҳаи гузашта музокироти тарафҳо ба натиҷа нарасида ва аз 970 километр марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо бар сари аломтгузории 520 километр тавофуқ шудааст.

Ин коршиноси тоҷик таъкид кард: Поён додан ба ихтилофи сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон бар сари роҳҳои иртиботӣ, чарогоҳҳову манобеи обӣ дар вилоятҳои Суғду Ботканд ниёз ба тасмимҳои сахт дорад.

Хуррамов афзуд: Ҳамчунин иҷрои ваъдаҳои Ҷабборов дар заминаи решакан кардани фасоду ришвахорӣ, поён додан ба равобити хонаводагии масъулон ва хуруҷи Қирғизистон аз буҳрони иқтисодӣ замонбар аст ва дур аз интизор аст, ки дар чунин шароите вай битавонад барои ҳалли фаврии ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон иқдом канад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп