Даромади 6 миллиард долларии Узбакистон аз муҳоҷирони корӣ дар соли 2020
(last modified Wed, 20 Jan 2021 06:49:29 GMT )
Январ 20, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • Даромади муҳоҷирони кории узбак дар Русия бархилофи тоҷикҳо дар соли 2020 афзоиш ёфта аст
    Даромади муҳоҷирони кории узбак дар Русия бархилофи тоҷикҳо дар соли 2020 афзоиш ёфта аст

Даромади муҳоҷирони кории Узбекистон дар соли 2020 беш аз 6 миллиард доллар эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Бонки марказии Узбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ирсоли маблағҳои коргарони муҳоҷир хабар дод.

 Ин бонк эълом кард : Бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири узбак 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд.

Бонки марказии Узбакистон пешбинӣ кард имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар ру ба афзоиш хоҳад буд.

 Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон мизони маблағҳои ирсолии коргарон аз Русия ба мизони қобили мулоҳизае коҳиш ёфт.

 

 Бештар бихонед: