Март 26, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳудӯди 95 дарсад аз даромади коргарони тоҷик аз Русия ба рубл мунтақил шудааст

Бонки Марказии Русия эълом кард, ҳудуди 95 дарсад аз даромади коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2021 ба рубл интиқол дода шуд.

Ба гузориши сомонаи Бонки Марказии Русия, дар соли 2021 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 1 миллиарду 800 миллиондоллар мунтақил шуда, ки наздик ба 95 дарсади ин маблағ ба рубл будааст.

Бар асоси гузориши вазорати кишвари Русия дар ин кишвар ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо муҷавизи расмӣ фаъолият мекунанд, ки теъдоде аз онон тобеияти русӣ доранд.

Анвар Бобоев, намояндаи пешини вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва коршиноси масоили муҳоҷират низ муътақид аст, буҳрони Украина мӯҷиби коҳиши теъдоди коргарони тоҷик дар Русия нахоҳад шуд.

 

Барчасп