Нишасти Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе
(last modified Tue, 28 May 2024 06:46:09 GMT )
Май 28, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе

Бисту ҳаштумин нишасти Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе имрӯз баргузор мешавад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, имрӯз, 28 май, Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад, ки дар он намояндагони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбакистон, федератсияи Русия, Кумитаи иҷроии кишварҳои ИДМ, маҷмаъи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ва Конфедератсияи умумии иттиҳодияҳои коргарӣ ширкат мекунанд.

Дар ҳошияи ин нишаст, мулоқотҳои дуҷонибаи мудирияти мақомоти марбут ба муҳоҷирати Тоҷикистон ва федератсияи Русия барномарезӣ шудааст.

 Дар нишасти Шӯро вазъияти муҳоҷират, тағйирот дар қонунҳои миллӣ дар заминаи муҳоҷират ва  масоили дигар мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.