Имзои тафоҳумнома байни Туркманистон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон
Туркманистон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон тафоҳумномаи тавсеъаи муштараки майдони нафтии " Дустлиқ " дар баҳри Хазарро имзо карданд.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории ИРНА , ин тафоҳумномаро Рашид Муродов ва Ҷайҳун Байромов-вазирони хориҷаи Туркманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузури маҷозии раисони ҷумҳурии ду кишвар , имзо карданд.
Тафоҳумномаи имзошуда шомили иҷрои муштараки иктишоф, тавсеъа ва баҳрабардорӣ аз майдони нафтии Дустлиқ, ки маҷмӯи захоири нафтии он 60 то 70 миллион тон тахмин зада мешавад , хоҳад буд.
Боку ва Ишқобод дар солҳои гузашта дар мавриди таъаллуқи ин майдони нафтӣ дар баҳри Хазар, ки дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон онро Капиз ва дар Туркманистон Сардор меноманд , ихтилоф назар доштанду талошҳои ҳар ду тараф барои тавсеъаи якҷонибаи ин манбаи энержӣ натиҷае надошт.
бештар бихонед :