Январ 28, 2021 15:04 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи маҷлиси Афғонистон мегӯяд Арги раиси ҷумҳурӣ дархости хариди 18 навъи гӯшти бедона ва кабкро доштааст
    Намояндаи маҷлиси Афғонистон мегӯяд Арги раиси ҷумҳурӣ дархости хариди 18 навъи гӯшти бедона ва кабкро доштааст

Баҳси ихтисоси ҳазорҳо доллар барои харидории 18 навъи гӯшт ва сабзиҷот дар идораи умури раёсати ҷумҳурии Афғонистон ин рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарсоз шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи итилоърасонии афғон, пас аз он ки иддаои Хон Оқои Ризоӣ намояндаи порлумони Афғонистон дар бораи қарордоди хариди 18 навъи гӯшт барои ниҳодҳои марбут ба раёсати ҷумҳурии Афғонистон хабарсоз шуд, ӯ аснодеро дар ин маврид нашр кард.

Санаде, ки намояндаи Кобул дар маҷлиси намояндагони Афғонистон дар сафҳаи Твиттериаш мунташир карда нишон медиҳад, ки пешниҳоди хариди 18 навъи гӯшт ба арзиши ҳаддиақали 63 миллиону 940 ҳазор афғонӣ ( ҳудуди 500 ҳазор доллар ) барои раёсати идораи умури раёсати и ҷумҳурии Афғонистон, дар торихи 1399/9/29 ( 19 декабри 2020 ) барои таъйид ба идораи тадорукоти миллии ин кишвар фиристода шудааст.

Бар асоси ин санади ширкати довталаб барои ин қарордод ҳаддиақал 67 миллион афғонӣ ва ҳаддиаксар 81 миллион афғонӣ қимат пешниҳод кардааст.
 
Идораи умури раёсати ҷумҳурии Афғонистони пеш аз ин бо радди иддаои харидории 18 навъи гӯшт гуфта, ки маҷмӯи ҳазинаи сабзиҷоти харидорӣ шуда дар соли 1399 хуршедӣ ҳудуди 60 миллион афғонӣ ( 800 ҳазор доллар ) будааст, ки барои ҳазорон корманд дар даҳҳо идораи давлатии Афғонистон, аз ҷумла раёсати ҷумҳурӣ, шӯрои мусолиҳа ва дафтари Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури пешин харидорӣ шудааст.

Бо тавваҷӯҳ ба вазъияти иқтисодии номусоид ағлаби мардуми Афғонистон, ин хабари вокунишҳои бисёр манфии ононро дар пай доштааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп