Рутбабандии кишварҳои Осиёи марказӣ дар фасоди иқтисодӣ
(last modified Thu, 28 Jan 2021 17:06:28 GMT )
Январ 28, 2021 22:06 Asia/Dushanbe
  • Рутбабандии кишварҳои Осиёи марказӣ дар фасоди иқтисодӣ

Созмони шафофияти байналмилал, рутбабандии кишварҳои мухталиф аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи марказӣ дар 2020 дар мавриди фасоди идорӣ ва иқтисодиро эълом кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , ин радабандӣ аз 100 то сифрро шомил мешавад, ки шумораи сифрро кишварҳои бо болотарин фасод ва 100-ро кишварҳои бо камтарин фасод касб ме‌кунанд.

 Ба асоси ин гузориш Узбекистон бо пешрафти 7 пиллаӣ нисбат ба 2019 дар рутбаи 146 дар байни 180 кишвари ҷаҳон қарор гирифт, ки Бангладеш ва Африқои ҷанубӣ низ ҳамсатҳи Узбекистон арзёбӣ шуданд.

 Минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ, ки шомили 19 кишвар аст ,ки аз 100 шумораи 36 -то касб кардаанд.

 Гурҷистон дар рутбаи 56 , Арманистон 49 ва Беларус 47 қарор доранд, ки пештозони минтақа ҳастанд.

 Дар ин миён Узбекистон бо 26 шумора , Тоҷикистон 25 ва Туркманистон 19 шумора  бештарин фасоди идорӣ ва иқтисодиро дар минтақа доранд.

 Қазоқистону Қирғизистон низ ба тартиби 38 ва 31 шумора касб карданд.

 

 Бештар бихонед :