Инфиҷори террористӣ дар Кобул
Феврал 01, 2021 12:50 Asia/Dushanbe
Инфиҷор бори дигар бахше аз пойтахти Афғонистон, Кобулро ларзонд.
Ба гузориши хабаргузории садо ва симо аз Кобул, бар асоси эъломи полиси Кобул; як мошини саворӣ субҳи имрӯз дар ҳавзаи даҳуми амниятии шаҳри Кобул ҳадафи таркиши бомбаи магнитӣ қарор гирифт, вале талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Мавҷи террорҳо ва инфиҷорҳои мутааддид дар шаҳри Кобул боиси тарсу ваҳшати мардум шудааст. Аз замони оғози раванди музокироти сулҳи Афғонистон токунун инфиҷорҳои мутааддид, ҳамалоти хунину террорҳои ҳадафманд шаҳрҳои мухталифи Афғонистон, аз ҷумлаи Кобулро фаро гирифта ва садҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Бештар бихонед:
Барчасп