Вогузории канали обрасонӣ ба Тоҷикистон дар Қирғизистон хабарсоз шуд
Суханони нахуствазири ҷадиди Қирғизистон дар бораи вогузории сарчашмаи як канали обрасонӣ ба Тоҷикистон дар марзи муштараки ин ду кишвар мӯҷиби эътирози намояндагони маҷлиси Қирғизистон шуд.
Ба гузориши сомонаи Осиёи Марказӣ, Улуғбек Маъруфов, нахуствазири ҷадиди Қирғизистон ҳангоми касби раъйи эътимод дар маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст: «сарчашмаи канали обрасонӣ ба сади вилояти Ботканд бар асоси тавофуқ бар сари аломатгузории марзи муштарак бо Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя вогузор шуд.»
Аммо Тозабек Икромов, намояндаи Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон бо эътироз ба ин тасмим хостори баррасии мавзӯ шудааст.
Вай гуфтааст: «вогузории ин канали муҳим ба Тоҷикистон таъмини оби мавриди ниёзи вилояти Боткандро бо таҳдиди ҷаддӣ рӯ ба рӯ месозад, зеро таъмини оби мавриди ниёзи вилоят ва шаҳри Ботканд ва 11 ҳазор гектар замини таҳти кишт дар қаламрави Қирғизистон ба фаъолияти ин канал бастагӣ дорад.»
Намояндагони маҷлиси Қирғизистон мегӯянд, зарфияти захираи об дар сади Ботканд 90 миллион метри мукааб мебошад, ки барои ин кишвар аз аҳамияти роҳбурдӣ бархӯрдор аст ва аз ин рӯ, зарурати таъсиси Камиссиюни вижаи баррасии ин мавзӯ дар Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон вуҷӯд дорад.
Тоҷикистону Қирғизистон 978 километри марз муштарак доранд, ки фақат ҳудӯди 520 километр аз он таъину аломатгузорӣ шудааст.
Дар манотиқи аломатгузорӣ нашудаи марзи ду кишвар бавижа дар ноҳияҳои марзии вилоятҳои Суғду Ботканд, борҳо бар сари манобеи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳ даргирӣ шуда ва чандин нафар ҳам дар ин муноқишоти кушта ё захмӣ шудаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Умедворӣ ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар давраи ҷадид
- Нахустин изҳороти Ҷабборов баъд аз расидан ба раёсатҷумҳурии Қирғизистон