Ҳушдори Созмони милал дар бораи ҳамалоти ДИИШ ба пойтахти Афғонистон
(last modified Sat, 06 Feb 2021 12:44:12 GMT )
Феврал 06, 2021 17:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 1000 то ду ҳазору 200 узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ҳузур доранд
    Ҳудуди 1000 то ду ҳазору 200 узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ҳузур доранд

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ ва эълом кард, ки аъзои гурӯҳи такфирии ДИИШ эҳтимолан дар ояндаи наздик марокизи шаҳрҳои бузурги Афғонистон, аз ҷумла Кобулро ҳадаф қарор медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ОВО, Созмони милал дар гузориши ҷадиде эълом кард: Ҳудуди ҳазор то 2 ҳазору 200 узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ҳузур доранд, ки хатари бузургӣ барои ин кишвар ба шумор мераванд ва токунун низ масъуляти бархе аз ҳамалоту инфиҷорҳои ин кишварро бар ӯҳда гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон моҳи гузашта эълом карда буд нерӯҳои амниятии ин кишвар дар амалиётии " Аслам Форуқӣ" " аз саркардагони гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон ва 19 тани дигар аз аъзоии ин гурӯҳро дастгир кардаанд.

Созмон милал ба рағми иӣн мавозеъ, ки токунун гомии амалӣ барои барқарории сулҳ, амният ва поёни ҷанг дар Афғонистон барнадоштааст.

 

Бештар бихонед: