Раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон мушовири раиси ҷумҳӯрии ин кишвар шуд
Содир Ҷабборов-раиси ҷумҳӯрии нави Қирғизистон бо имзои фармоне раиси Ҷамъияти тоҷикони ин кишварро ба мақоми мушовири худ таъин кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИПресс, Равшанбек Собиров солҳои 2011-2012 дар мақоми вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон фаъолият карда ва чанд давра низ намояндаи порлумон будааст .
Собиров ҳамчунин дар чанд моҳи ахир дар ҳукумати муваққати Қирғизистон ба унвони муовини нахуствазир фаъолият кардааст .
Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон мавсум ба Рӯдакӣ бештар ба фаъолиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла кумак ба мактабҳои тоҷикии ин кишвар машғуласт.
Равшанбек Собиров зодаи вилояти Уш дар ҷануби Қирғизистон солҳо аст ва раёсати Ҷамъияти тоҷикони ин кишварро бар уҳда дорад .
Аз Равшанбек Собиров ба унвони фарди дилсӯз дар дифоъ аз манофеъи тоҷикони Қирғизистон ёд шудааст .
Гуфта мешавад, ки дар даврони густариши вируси корона дар Қирғизистон вай ба бемористонҳои ин кишвар ва кадри дармонӣ кумакҳои молии фаровоне кардааст.
Бештар бихонед:
- Мубтало шудани раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба COVID-19
-
Вогузории канали обрасонӣ ба Тоҷикистон дар Қирғизистон хабарсоз шуд
-
Умедворӣ ба ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар давраи ҷадид