Нигаронӣ аз боздошт ва озору азияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон
(last modified Wed, 05 May 2021 15:00:48 GMT )
Май 05, 2021 20:00 Asia/Dushanbe
  • Иттифоқоти ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон набояд муҷиби танафурпароканӣ нисбат ба тоҷикҳо шавад
    Иттифоқоти ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон набояд муҷиби танафурпароканӣ нисбат ба тоҷикҳо шавад

Мудофеъи ҳуқуқи башари Русия аз боздошт ва озору азияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Валентина Чупик бо интишори як навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзоиши мавридҳои боздошт ва озору азияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳрҳои Бишкек ва Уши Қирғизистон иброз нигаронӣ кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки марзбонони Қирғизистон бо тамомии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо парвозҳои транзитӣ ба ин ду шаҳр меоянд, бархӯрди хашин доранд ва ононро боздошт ва мариди озору азият қарор медиҳанд. Дар ҳоле, ки иттифоқоти ахир дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон набояд мӯҷиби танафурпароканӣ нисбат ба тоҷикҳо шавад. Ҳамчунин теъдоде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо интишори наворҳое аз бархӯрди хашини нерӯҳои интизомии Қирғизистон бо тоҷикҳои муқим ин кишвар интиқод кардаанд.

Аз сӯи дигар сафорти Тоҷикистон дар Бишкек эълом кардааст, ки авзоъро расад мекунад ва дар бораи мавридҳои мушоҳида шуда ба мақомоти интизомии Қирғизистон итилоъ медиҳад. Кормандони ин сафорат муътақиданд, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон дифо хоҳанд кард.

БЕШТАР БИХОНЕД: