Барканории мушовири тоҷики раиси ҷумҳури Қирғизистон
(last modified Thu, 14 Oct 2021 11:18:05 GMT )
Октябр 14, 2021 16:18 Asia/Dushanbe
  • Барканории мушовири тоҷики раиси ҷумҳури Қирғизистон

Раиси ҷумҳури Қирғизистон мушовири тоҷики худро барканор кард.

Ба гузориши “Спутник”, Садир Ҷабборов мушовири тоҷики худро барканор кард.

Равшанбек Собиров, мушовири собиқи раиси ҷумҳури Қирғизистон мехоҳад дар интихоботи намояндагии маҷлис ширкат кунад.

Равшанбек Собирови 51 сола раиси Анҷумани Рӯдакии тоҷикҳо дар Қирғизистон аст. Ӯ дар хонаводаи тоҷик дар вилояти Ӯш мутаваллид шудааст.

Аз августи 2008 вай раёсати Созмони Тоҷикистон дар Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Вай пеш аз ин вазири рушди иҷтимои Қирғизистон ( 2011 - 2012) ва намояндаи парлумон буд.