Сӯхтори азим дар гумруки марзии Афғонистон ва Эрон +филм
(last modified Sat, 13 Feb 2021 12:29:48 GMT )
Феврал 13, 2021 17:29 Asia/Dushanbe

Сӯхтори азим дар идораи гумрукии марзии Исломқалъаи Ҳирот дар ғарби Афғонистон зарари зиёди молӣ ба бор овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Юнус Қозизода раиси утоқи тиҷорат ва сармоягузории Ҳирот рӯзи шанбе гуфт: «Миқдори зиёде аз амволи мавҷуд дар гумруки Исломқалъа дар ин сӯхтор тӯъмаи оташ шуда ва ин як зарбаи иқтисодии бузург ба бахши хусусии Афғонистон аст. » 

Қозизода афзуд: «Токунун ҳашт масдум аз маҳалли оташи сӯзӣ ба бемористони Ҳирот мунтақил шудаанд.» 


  Бар асоси ин гузориш ба дунболи сӯхтор дар гумруки Исломқалъа, барқи содиротии Эрон ба Ҳирот низ қатъ шудааст. 

Волии Ҳирот Саид Ваҳиди Қаттолӣ ҳам сӯхтор дар гумруки Исломқалъаро густарда хонда ва аз Эрон барои маҳори оташ дархости кӯмак кард. 

Дар ҳамин ҳол гузоришҳо ҳокист, ки оташи гумруки Исломқалъаи Афғонистон ба гумруки Дуғорун дар устони Хуросони Разавии Эрон низ сироят кардааст. 

Ҳамаи нерӯҳои хадамотрасонӣ, аз ҷумла оташнишонӣ, артиш ва дигар нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломии Эрон мустақар дар марз барои хомӯш кардани оташ дар ҳоли кӯмак ҳастанд. 

Ҳанӯз аз иллати ин сӯхтор гузорише эълом нашудааст. Аммо бархе манобеъ эҳтимол медиҳанд, ки ба танкерҳои нафту газ ҳамла шуда бошад.

 

Бештар бихонед: