Писари раисҷумҳури Туркманистон нахуствазири ин кишвар шуд
(last modified Sun, 14 Feb 2021 11:29:25 GMT )
Феврал 14, 2021 16:29 Asia/Dushanbe
  • Сардор Бердимуҳаммадов қаблан вазири саноат, истеҳсолот ва сохтмони манзилии Туркманистон буд
    Сардор Бердимуҳаммадов қаблан вазири саноат, истеҳсолот ва сохтмони манзилии Туркманистон буд

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писари 39-солаи худро муовини раиси давлат (сарвазир) ва раиси Шӯрои назорати умури давлатӣ (назорат аз болои муассисаҳои давлатӣ дар умури молия ва иқтисод) таъин кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, раисҷумҳури Туркманистон, инчунин писараш "Сардор Бердимуҳаммадов"-ро ба унвони нозир бар ҳавзаи диҷитолсозӣ ва навоварӣ дар мудирияти давлатӣ, дороӣ, омӯзиш ва пизишкӣ мансуб кард.

Сардор Бердимуҳаммадов аз ин пас ба унвони узве аз Шӯрои амнияти миллии Туркманистон низ анҷоми вазифа хоҳад кард. 

Пеш аз ин аз 7 феврали соли 2020 Сардор Бердимуҳаммадов ба унвони вазири саноат ва тавлид ва умрон дар туркманистон мансуб шуда буд ва унвон устондории устони "Охол" ба марказияти Ашқобод, пойтахтро низ ба ӯҳда дошт. 

 

Бештар бихонед: