Феврал 14, 2021 16:47 Asia/Dushanbe

Муовини раиси ҷумҳурии Афғонистон аз давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ба хотири кӯмак дар хомӯш кардани сӯхтори азими гумруки Исломқалъа ва иҷозат додан ба вуруди садҳо мошини боркаш ба хоки Эрон барои наҷот ёфтан аз оташсӯзӣ қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Амруллоҳ Солеҳ рӯзи якшанбе дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт аз кӯмаки нерӯҳои имдодӣ ва оташнишонии Эрон барои кӯмак ба хомӯш кардани оташсӯзӣ дар Ҳирот сипосгузорем. 

Сухангӯи устондори Ҳироти Афғонистон эълом кард, ки бар асоси оморҳои аввалияи ин сӯхтор дастиками ҳудуди 50 миллион доллар хисорат бар ҷой гузошта ва наздик ба 500  танкери нефту газ дар ин ҳодиса дар оташ сӯхтааст.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Афғонистон ин ҳодиса талафот ҷонӣ надошта ва танҳо шуморе захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Таркиши даҳшатнок дар гумруки Исломқалъа ва вокуниши Эрон.

Соати 13: 00-и 13 феврал дар муассисаи гумрукии Исломқалъа дар Афғонистон, дар 120-километрии марзи Эрон, инфиҷори шадид рух дод.

Ҳузури танкерҳои ҳомили сӯхт ва газ дар ин минтақа ба даҳҳо инфиҷори пай дар пай ва оташсӯзии бисёр густардае анҷомид, ки дар пайи он волии Ҳирот аз устондори Хуросони Разавӣ дархости кӯмаки фаврӣ кард. 

Дар ин замина 65 оташнишон аз устони Хуросони Разавӣ дар шарқи Эрон бо 20 мошинҳои вазнин ва чаҳор мошини нимавазнини оташнишонӣ барои маҳори оташи густарда ба минтақаи оташсӯзӣ дар Ҳирот эъзом шуданд. 

Эрон инчунин бо додани иҷозатномаҳо барои ҷойгир кардани мошинҳои сӯзишворӣ ва якчанд ҳазор мошинҳои марбут ба шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон як фалокати бузургро пешгирӣ кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп