Хисорати садҳо миллиондолларии бозаргонони афғон дар оташсӯзии гумруки Исломқалъа
Садҳо миллион доллар ба бозаргонони Афғонистон ношӣ аз сӯхтори гумруки Исломқалъа хисорат ворид шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Шафақна, утоқи тиҷорат ва сармоягузории Ҳирот эълом кард ҳаҷми зиёде аз амволи мавҷуд, аз ҷумла маводи ғизоӣ ва мошинҳои ҳомили маводи сӯзишворӣ дар гумруки Исломқалъа дар ин оташсӯзӣ аз байн рафт ва бахше аз он низ ба ғорат рафтааст.
Манобеи маҳаллӣ мегӯянд дар дар ин сӯхтор беш аз ҳазор мошинҳои вазнини ҳомили мол дар оташ сӯхтаанд.
Сӯхтор дар гумруки Исломқалъа рӯзи шанбе аз як танкери газ оғоз шуд ва шӯълаҳои он ба маконҳои дигар сироят карду бист тан низ маҷрӯҳ шуданд.
Барои маҳори сӯхтор дар Исломқалъа Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши муҳимме дошт.
Гумруки Исломқалъа аз муҳимтарин гумрукҳои Афғонистон дар ғарби ин кишвар аст, ки бештари молҳои тиҷорӣ аз тариқи ин гумрук аз Эрон ба Афғонистон ворид ва ба дигари кишварҳо содир мешавад.
Бештар бихонед: