Қадрдонии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз нақши ҳимоятии Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон
(last modified Mon, 15 Feb 2021 12:39:54 GMT )
Феврал 15, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
  • Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сафар ба Кобул бо Абдуллоҳ дидор кард
    Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сафар ба Кобул бо Абдуллоҳ дидор кард

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон аз ҳимояти усулӣ ва ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон қадрдонӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар дидор бо Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки ба Кобул сафар кардааст, бар аҳамияти идомаи ин ҳимоятҳо ва иттиҳоди минтақаӣ барои даст ёфтан ба сулҳи доимӣ дар Афғонистон таъкид кард.

Ҳамчунин Ятимов ва Абдуллоҳ дар ин дидор дар бораи талошҳои сулҳ дар Афғонистон, охирин таҳаввулот дар музокироти Доҳа, авзои амниятӣ, равобити ду кишвар ва авзои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон баҳсу табодули назар карданд.

Пеш аз ин дар ёздаҳуми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ҳамтои афғонистониаш дар гуфтугӯи телефонӣ бар азми худ барои барқарории сулҳу субот дар Афғонистон ва бозсозиҳои пас аз ҷанг таъкид карданд.

Ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд конфронси баъдии вазирони умури хориҷаи кишварҳои ширкаткунанда дар “Қалби Осиё – раванди Истанбул” -ро авохири моҳи март дар Душанбе бо раёсати муштараки Тоҷикистону Афғонистон баргузор кунанд.

 

Бештар бихонед: