Феврал 16, 2021 16:07 Asia/Dushanbe
  • Чин ва Ӯзбакистон ҳамкориҳои додгоҳӣ ва ҳуқуқиро бештар мекунанд
    Чин ва Ӯзбакистон ҳамкориҳои додгоҳӣ ва ҳуқуқиро бештар мекунанд

Ҳамкориҳои қазоии Узбакистон ва Чин тақвият мешавад.

Мақомоти додситонии Узбакистон ва Чин тайи дидоре, дар мавриди ислоҳоти қазоии дар ҳоли анҷом табодули назар ва чашмандози таҳкими беш аз пеши равобит байни додситонии кулли ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор Тон Ҷианминг, муовини аввали додситонии олии Чин ва раисони бахшҳои марбути ин созмон ширкат карданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки дар солҳои ахир шарокати роҳбурдии ҳамаҷониба байни Тошканд ва Пекин беш аз пеш тавсеа ёфтааст. Ин гароиш низ дар равобити дуҷониба дар хусуси усули эҳтироми мутақобил ва ҳуқуқи баробар дар ҳамкориҳои мутақобил байни додситонии ду кишвар низ мунъакис мешавад.

Тарафайн изҳор доштанд, ки дар чорчӯби ҳамкориҳои мутақобил байни додситонии кулли Узбакистон ва Чин дар қолаби созмонҳои байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдидоти рӯз, монанди терроризм, фасод, ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон натоиҷи мусбат ҳосил шудааст.

Тарафи узбак дар чорчӯби ин дидор гузоришеро дар мавриди тағйироти анҷомшуда дар солҳои ахир дар Тошканд, дар заминаи қазоӣ - ҳуқуқӣ ва ҳамчунин мубориза бо фасод дар ихтиёри тарафи чинӣ қарор дод.

Чин истиқлоли Узбакистонро дар 27 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохт ва дар 2 январи соли 1992 мелодӣ равобити дипломатӣ барқарор кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп