Таҳлиле бар таҷаммӯъи марзнишинони Қирғизистон дар Бишкек
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон дар оташи ихтилофҳои марзӣ ва қавмӣ месӯзанд ва эътирозоти мардумӣ дар бархе аз ин кишварҳо ба ашколи мухталиф бурӯз мекунад.
Дар ҳамин иртибот, бархе сокинони манотиқи марзии Қирғизистон бо таҷаммуъ дар муқобили дафтари нахуствазир дар Бишкек, хостори расидагии раисиҷумҳур ба масоил марзнишинон шуданд. Сокинони манотиқи марзии муътаризи Қирғизистон ба масъӯлон пешниҳод додаанд, ки бо сафар ба манотиқи марзӣ, мушкилоти марзнишинонро аз наздик мушоҳида кунанд.
Муътаризони қирғиз иддао кардаанд, ки кишварҳои ҳамсоя, "сиёсатҳои тавсеъаталабона"-и арзиро дунбол мекунанд ва ин ба зиёни марзнишинон Қирғизистон аст.
Дархости мардуми Қирғизистон аз мақомҳои Бишкек дар шароите матраҳ шудааст, ки Садир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон ба манзури сафар ба Маскав ба карантин рафтааст.
Бо вуҷӯди ин, бисёре аз коршиносон расидагӣ ва ҳалли мушкилоти марзии Қирғизистон бо соири ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ дар даврони раёсатҷумҳурии Ҷабборовро баъид медонанд.
Ба унвони мисол, Хурсанд Хуррамов, коршиноси тоҷик дар масоили Осиёи Марказӣ, муътақидаст:"бо тавваҷуҳ ба инки иҷрои тарҳҳои Ҷабборов, раисиҷумҳурии Қирғизистон дар заминаи решакан кардани фасоду ришвахорӣ, поён додан ба равобити хонаводагии масъулон ва хурӯҷи ин кишвар аз буҳрони иқтисодӣ замонбар аст, дар чунин шароите иқдом ба ҳалли сареъи ихтилофҳои марзӣ бо Тоҷикистон барои Ҷабборов осон нахоҳад буд" .
Бояд гуфт, ихтилофҳо ва бурӯзи мушкилоти марзӣ миёни Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсоя, мавзӯи тозае нест. Аммо ин бор мардуми Қирғизистон мавзӯи муҳимме назири тавсеъаталабии арзиро ба иддаоҳои пешини худ матраҳ кардаанд.
Решаи ихтилофҳои марзӣ ва арзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба замони ҳокимияти низоми мутамаркази тасмимгирии Шуравӣ боз мегардад.
Дар воқеъ, соли 1991 Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ фурӯ пошид ва Русия ба унвони қудрати марказӣ ва кантролкунанда, 15 ҷумҳурии мустақил ба ҳошия рафт. Аммо бо вуҷӯди истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, акнӯн ин ҷумҳуриҳо бо кӯҳе аз мушкилот ба ҷой монда аз Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ бавижа ихтилофҳои марзӣ дасту панҷа нарм мекунанд.
Минтақаи Осиёи Марказӣ шомили Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон аст.
Дар тӯли наздик ба се даҳаи гузашта, ки аз истиқлоли кишварҳои ин минтақа сипарӣ шудааст, ба далели мушкилоти марзӣ, равобити ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамвора дастхуши тағийроте шудааст ва ҳамин мавзӯ баҳонае барои дахолати муғризонаи қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ дар Осиё Марказӣ кардааст. Дар айни ҳол, ихтилофҳо ва марзбандиҳои дохилӣ ва маҳаллӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки аз даврони тасаллути низоми мутамаркази тасмимгирии Шуравӣ дар садаҳои 19 ва 20 милодӣ шакл гирифт, заминаҳо ва ришаҳои ихтилофҳои феълии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро падид овардааст.
Раҳбарони Маскав ба манзури кантроли миллатҳои Осиёи Марказӣ, бо марзбандиҳои нодуруст талош карданд, зимни бурӯзи ихтилофҳои марзӣ ва арзӣ, заминаҳои тасаллути доимии худро бар миллатҳои ин минтақа фароҳам кунанд. Ба унвони мисол, раҳбарони вақти Маскав, бисёре аз шаҳрҳои тоҷикнишинро ба Қирғизистон ва Узбекистон вогузор карданд. Дар ҳақиқат, дар тақсими қаламрави Осиёи Марказӣ дар соли 1920 тавассути давлати вақти Шуравӣ, тоҷикҳо аз соири қавмиятҳо зиёнҳои бештаре диданд. Зеро вилоятҳои тоҷикнишини Самарқанд, Бухоро, Сурхон Дарё ва бахше аз Водии Фарғона ба Узбекистон вогузор шуд.
Дар маҷмӯ бояд гуфт, минтақаи ҳассос ва паҳновари Осиёи Марказӣ дар қалби Авруосиё дар зоҳир аз оромише нисбӣ бархӯрдораст, аммо ба эътиқоди соҳибназарони масоили стротежик, ихтилофҳои марзӣ ва қавмии баҷо монда аз Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ, ин минтақаро ба монанди оташфишоне хуфта табдил кардааст, ки ҳарлаҳза имкони фаварон дорад. Бо ин ҳол, ба назар мерасад раҳбарони Осиёи Марказӣ бо дарназар гирифтани мулоҳизоте, ба манзури пешгирӣ аз ҳар гуна танишу даргирӣ, дар талош ҳастанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Аз саргирии музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз моҳи март
- Шарти раиси вилояти Суғд барои бозгушоии марзҳо бо Узбекистон ва Қирғизистон