Ториктарин пойтахти ҷаҳон куҷост?
Қатъи пайдарпаи барқи Кобул,пойтахти Афғонистонро ба яке аз ториктарин пойтахтҳои ҷаҳон табдил кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, қатъи пайдарпаи барқ таъсири манфӣ бар зиндагии мардуми Афғонистон ба вижаи шаҳрвандони Кобул дошта ва ин мавзӯъ илова бар эътирози шаҳрвандон ,хашми масъӯлони корхонаҳои саноъатиро ҳам дар пай доштааст.
80 дарсади барқи масрафӣ дар Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя, монанди Эрон ,Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ворид мешавад .
Бо гузашти ду даҳа аз ҳузури ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон аммо ин кишвар ҳамчунон аз зербиноҳои тавлиди барқ маҳрум аст ва ҳамакнун ҳудуди 65 дарсади мардуми Афғонистон ба энержии барқ дастрасӣ надоранд.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон барқ содир мекунад
-
Афғонистон пули пеш дод ва хостори коҳиши нархи барқи Тоҷикистон шуд