Ториктарин пойтахти ҷаҳон куҷост?
(last modified Thu, 18 Feb 2021 14:38:23 GMT )
Феврал 18, 2021 19:38 Asia/Dushanbe
  • 80 дарсади барқи масрафӣ дар Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя таъмин мешавад
    80 дарсади барқи масрафӣ дар Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя таъмин мешавад

Қатъи пайдарпаи барқи Кобул,пойтахти Афғонистонро ба яке аз ториктарин пойтахтҳои ҷаҳон табдил кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, қатъи пайдарпаи барқ таъсири манфӣ бар зиндагии мардуми Афғонистон ба вижаи шаҳрвандони Кобул дошта ва ин мавзӯъ илова бар эътирози шаҳрвандон ,хашми масъӯлони корхонаҳои саноъатиро ҳам дар пай доштааст.

   80 дарсади барқи масрафӣ дар Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя, монанди Эрон ,Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ворид мешавад .

 Бо гузашти ду даҳа аз ҳузури ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон аммо ин кишвар ҳамчунон аз зербиноҳои тавлиди барқ маҳрум аст ва ҳамакнун ҳудуди 65 дарсади мардуми Афғонистон ба энержии барқ  дастрасӣ надоранд.

 

  Бештар бихонед: