Феврал 22, 2021 10:49 Asia/Dushanbe
  • Қомчибек Тошиев таъкид кардааст сохтусозҳои ғайримуҷоз дар марз бо Тоҷикистон бояд мутаваққиф шавад
    Қомчибек Тошиев таъкид кардааст сохтусозҳои ғайримуҷоз дар марз бо Тоҷикистон бояд мутаваққиф шавад

Масъули ҳайати музокиракунандаи марзи Қирғизистон ба Тоҷикистон гуфт: Аломатгузории марзи ду кишвар бояд бидуни зиёдахоҳӣ ва бар асоси қонун иҷро шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи қирғизии Эки пресс, Қомчибек Тошиев, раиси Комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар боздид аз вилояти марзии Ботканд ва дидор бо мақомот ва мардуми ин минтақа бар зарурати поён додан ба сохтусозҳои ғайримуҷоз дар хутути аломатгузорӣ нашудаи марзӣ бо Тоҷикистон таъкид кард. 

 

Вай дар ин боздид гуфт: «Ҳукумати Қирғизистон бидуни тавофуқ бо Тоҷикистон ҳатто як метр аз қаламрави худро ба кишвари ҳамсоя вогузор нахоҳад кард ва ин мавзӯ дар музокироти дуҷониба, ки дар даҳаи нахусти моҳи марти имсол аз сар гирифта мешавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. »

Тошев дар айни ҳол гуфт, шояд барои ки дар бораи табодули баъзе минтақаҳои баҳсии марзӣ тавофуқе ба даст ояд, ки сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро осон мекунад.

Масъули ҳайати музокиракунандаи марзии Қирғизистон ҳамчунин аз мақомоти Комитети давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои мусоидат дар боздошти Қодир Досонов маъруф ба Ҷонго, ки ба иттиҳоми пулшӯӣ ва ҷиноёти иқтисодӣ дар пайгарди қазоии байналмилалӣ буд ташаккур кард. 

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки ду кишвар бо вуҷуди беш аз 25 соли музокирот ба далели ихтилоф бар сари манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ танҳо дар мавриди аломатгузорӣ 504 километр аз марз ба тавофуқ расидаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп