Феврал 23, 2021 21:37 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи раҳоии шаҳрвандони боздоштшуда мулоқот карданд
    Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи раҳоии шаҳрвандони боздоштшуда мулоқот карданд

Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд мавзӯи озодии шаҳрвандони боздоштшудаи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, ин дидор ба дархости тарафи Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он мақомоти ҳукуматӣ, полис, идороти амниятӣ, додситонӣ ва марзбонии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ширкат карданд.

Тарафҳо дар ин дидор дар бораи ду мавзӯи таъмини амнияти сокинони рустоҳои марзӣ ва озодии 15 шаҳрванди тоҷики боздоштшуда дар Қирғизистон ва 9 қирғизи боздоштшуда дар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карданд. 

Гуфта мешавад, ки 9 шаҳрванди Қирғизистон ба далели гум кардани роҳ ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон ба дасти марзбонони тоҷик боздошт шудаанд, аммо дар бораи иллати боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон тавзеҳ дода нашудааст. 

Қаблан Умурбек Субҳон Алиев, раиси нави вилояти Ботканд дар пайи муроҷиаи волидайни боздоштшудагони қирғиз дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз тариқи музокира бо мақомоти тоҷик ин мушкил ҳал хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки заминаи сафари наздикони ин афрод ба вилояти Суғд ва дидор бо боздоштшудагонро фароҳам хоҳад кард. 

То лаҳзаи интишори ин хабар дар бораи натоиҷи музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд иттилое мунташир нашудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп