Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бахше аз таъйини ҳудуди марзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i110948-Тавофуқи_Тоҷикистон_ва_Қирғизистон_бар_сари_бахше_аз_таъйини_ҳудуди_марзӣ
Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари 38.35 километри дигари марзи давлатии ду кишвар тавофуқ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 16, 2024 11:26 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бахше аз таъйини ҳудуди марзӣ

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари 38.35 километри дигари марзи давлатии ду кишвар тавофуқ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , аз 10 то 15 январи 2024, нишасти давраии гурӯҳҳои кории топографӣ ва масоили ҳуқуқии ҳайатҳои давлати Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди таъини ҳудуди марзҳои давлатии ду кишвар дар шаҳри Ботканди Қирғизистон баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар нишасти баъдӣ, ки дар хоки Тоҷикистон баргузор мешавад, тарафҳо ба кор бар рӯйи ташреҳи манотиқи боқимонда идома хоҳанд дод.Дар поёни ҷаласаи Ботканд протоколи марбута имзо шуд.