Феврал 28, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Дустум агар гуфтугуҳои сулҳ ба шикаст мунҷар шавад, дар ҷанг ширкат хоҳад кард
    Дустум агар гуфтугуҳои сулҳ ба шикаст мунҷар шавад, дар ҷанг ширкат хоҳад кард

Генерал Абдуррашид Дустум аз фармондеҳони машҳӯри ҷиҳодии Афғонистон ба Толибон ҳушдор дод, ки ба хушунату қатли оми мардум поён диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шафақно, раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон, ки дар чаҳор даҳаи ҷанги ин кишвар аз ҷумла бо Шуравӣ ва Толибон таҷрибаи арзанда дорад хитоб ба Толибон гуфт: Ҳамла ба занон, кудакон, хабарнигорон ва кормандони расонаҳо, ки ҳеч гуна дифое аз худ надоранд, таҷовуз ба ҳуқуқи инсонҳо ва каромати инсонӣ аст .

    Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд ва таъкид кард: Агар гуфтугуҳои сулҳ ба шикаст мунҷар шавад, дар ҷанг ширкат хоҳад кард ва ба яқин нерӯҳои тарафдори ӯ ин гурӯҳи ҷангталабро шикаст хоҳанд дод.

  Вай изофа кард: Афғонистон дар шароити ҳассосе қарор дорад ва бояд тамоми гурӯҳҳо бо давлати Ашрафғанӣ муттаҳид шаванд, то манотиқи таҳти тасарруфи Толибонро озод кунанду оромишро ба зиндагии мардум боз гардонанд .

 Раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон рӯзи шанбе пас аз вуруд ба шаҳри Кобул мавриди истиқболи Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ҷамъи зиёде аз шаҳрвандону чеҳраҳои сиёсӣ қарор гирифт.

  Дустум қарор аст бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрӣ ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон низ дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти ин кишвар гуфтугӯ кунад.

 

  Бештар бихонед:

 

Барчасп