Март 01, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Бишкек эълом кард, ки Русия ба Қирғизистон сомонаи С-300 таҳвил медиҳад
    Бишкек эълом кард, ки Русия ба Қирғизистон сомонаи С-300 таҳвил медиҳад

Дабири матбуотии раиси Ҷумҳурии Қирғизистон аз вогузории сомонаи С-300 Русия ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Галина Байтурк дабири матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон аз афзоиши кумакҳои низомии Русия ба Бишкек хабар дод. 

Вай гуфт: « Русия дар ҷиҳати таъмъини амнияти Қирғизистон ва марзҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба ин кишвар таҷҳизоти низомӣ вогузор хоҳад кард.»

Ин мақоми қирғиз идома дод: «Дар ҳамин заминаи тавофуқотӣ дар мавриди таҳвили сомонаҳои мушакии зиддиҳавоии С -300 ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини таҳоҷумӣ ба Қирғизистон дар ояндаи наздик анҷом хоҳад шуд.»  
  

Байтурк дар айни ҳол гуфт теъдоди дақиқи таҷҳизоти низомии эътоии Русия ба Қирғизистон мушаххас нест. 

Русия яке аз кишварҳои таъминкунандаи таҷҳизоти низомии Қирғизистон аст ва ҳар сола анвоъи таҷҳизоти низомӣ ба ин кишвар эъто мекунад. 

С-300  як системаи мушакии дарозмуддати худгард ба замин аст, ки дар ҳар баландӣ истифода мешавад. 

Ин сомона авохири даҳаи 1970 барои нерӯи дифои ҳавоии Шуравии собиқ сохта шуд.   
  
С-300 ибтидо барои боздошти ҳавопаймоҳо ва мушакҳои болдор сохта шуда буд ва баъдан қобилияти боздошти мушакҳои баллистикиро афзоиш дод.

 

Бештар бихонед:

Барчасп