Март 01, 2021 14:45 Asia/Dushanbe
  • Амрико дар талош барои мунтақил кардани бозмондагони гурӯҳи террористии ДИИШ аз манотиқи ғарби Осиё ба Осиёи Марказӣ аст
    Амрико дар талош барои мунтақил кардани бозмондагони гурӯҳи террористии ДИИШ аз манотиқи ғарби Осиё ба Осиёи Марказӣ аст

Мақомоти давлат ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятии Осиёи Марказӣ ҳамчунон нигарони таҳаррукоти Амрико дар интиқоли террористҳо аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон ва аз онҷо ба Осиё Марказӣ ҳастанд.

Дар ҳамин иртиботи Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) бори дигар дар заминаи интиқоли фаъолиятҳои террористӣ аз хоки Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Сидоров дар нишасти ситоди муштараки ин созмон, ки ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд, дар бораи таҳдидҳои амнияти минтақаӣ гуфт, ки яке аз мушкилоти аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва фаъолиятҳои шибҳи низомиёни террорист дар ин кишварҳо аст.

Талошҳои Амрико ба манзури бесуботсозии минтақаи Осиёи Марказӣ дар шароите сӯрат мегирад, ки гуфта мешавад, ин кишвар дар остонаи ҳазфи комил аз нуфӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, иқдоми Амрико дар интиқоли террористҳо аз Сурия ва Ироқ ва ҳатто дигар манотиқи ҷаҳон ба минтақаи Осиёи Марказиро бояд талоше ба манзури машғӯл кардани Русия ва дигар кишварҳои мустақили мухолифи сиёсатҳои Амрико дар минтақа бавижа Эрон ва Чин донист.

Дар айни ҳол чунин баназар мерасад, ки мавзӯи мунтақил кардани бозмондагони гурӯҳи террористӣ ва шикастхӯрдаи ДИИШ аз манотиқи ғарби Осиё ба манотиқи дигар ба хусӯс ба Осиёи Марказӣ бо ҳадаф бар ҳам задани таъодул ва тамаркузи Эрону Русия аз минтақаи ғарби Осиё сӯрат мегирад. Ба иборати дигар,интиқоли бозмондагони гурӯҳи террористии ДИИШ ба Осиёи Марказӣ,  абзори Амрико барои дур кардани Теҳрону Маскав аз ғарби Осиё махсусан Сурия аст.

Дар воқеъ бо интиқоли аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ба Осиёи Марказӣ ҳам Амрико ва ҳам режими саҳюнистӣ ва ҳатто режими Саудӣ сӯд мебаранд. Ба ҳамин далел аст, ки Амрико, режими нажодпарасти Исроил ва Арабистон тамоюл доранд, Эрон ва Русияро дар Осиёи Марказӣ машғӯл кунанд то дар амал тамаркузи Эрону Русия аз Сурия бардошта шавад. Ба хусӯс ки Эрон ва Русия ба лиҳози амниятӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр ҳассос ҳастанд.

Шояд ба ҳамин далел буд, ки аз соли 2018 дипломатҳои амрикоии муқими Осиёи Марказӣ зимни пешниҳоди маболиғе пӯл ба давлатҳои Осиёи Марказӣ талош кардаанд бозмондагони гурӯҳи террористии ДИИШ, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буданд ба хонаҳояшон бозгарданд.

Дар ҳамин иртибот, Молик Ҷумъагулов, раиси собиқи ниҳоди иттилоотии Вазорати дифои Қирғизистон ва коршиноси барҷастаи низомӣ дар Осиё Марказӣ мегӯяд: «Ғарб ба дунболи эҷоди бесуботӣ дар Осиё Марказӣ аст ва Афғонистон ҳамчунон ба унвони буҳронтарин нуқта дар наздикии марзҳои ин минтақа қарор дорад. Амрико бо ҳимоят ва таъмини молии интиқоли шибҳи низомиён аз ғарби Осиё ба Афғонистон талош мекунад сояи таҳдид дар Осиёи Марказӣ ҳамчунон боқӣ бимонад.»

Чунин ба назар мерасад, Амрико ба манзури ҳазф нашудан аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳар иқдоме даст мезанад ва интиқоли аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ба Осиёи Марказӣ ва бозӣ бо расонаҳои ин минтақаро метавон аз охирин талошҳои ин кишвари султагар бо ҳадафи мондан дар ин минтақа қаламдод кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп