Ҳушдори вазири дифои Русия дар бораи таҷаммӯи террористҳо дар марзи Тоҷикистон
-
Сергей Шойгу таъкид кард, ки Русия аз амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дифоъ мекунад
Вазири дифои Русия таҷаммӯъ ва таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзи Тоҷикистонро таҳдиди ҷиддӣ донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи қазоқии Тенгринюз ( Tengrinews . kz ) генерал Сергей Шойгу гуфтааст, ки гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва дар ин созмонҳо унсурҳои марбут ба ДИИШ низ шиносоӣ шудаанд.
Вай таъкид кардааст: «Интиқоли террористҳои гурӯҳи ДИИШ аз Сурия ба Афғонистон комилан ҳадафманд мебошад ва қасд доранд дар шимоли ин кишвар дар наздикии марзи Тоҷикистон даст ба иқдомоти харобкорӣ бизананд.»
Шойгу афзудааст: «Таҷаммӯъи гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мӯҷиби нигаронии шадиди Русия аст ва Маскав омодаи кумак ба муттаҳидони хеш барои муқобила бо ин гурӯҳҳо мебошад. Мо дар канори ҳам муддатҳои тӯлонӣ зиндагии мусолиматомез доштем ва аз амнияти Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар баробари таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дифо хоҳем кард.»
Вай ҳамчунин афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили кишварҳои Осиёи марказиро натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ донист, ки қасд доранд аз ин ҳисоб манобеи молии мавриди ниёзи худро таъмин кунанд.
Бештар бихонед: