Самарқанди Ӯзбакистон ва Саратови Русия бародаршаҳр шуданд
(last modified Wed, 03 Mar 2021 14:03:12 GMT )
Март 03, 2021 19:03 Asia/Dushanbe
  • Ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд
    Ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд

Шаҳрдори Самарқанд ва муовини шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародаршаҳрӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Бобурмирзо Облоқулов, шаҳрдори Самарқанд ва Алексей Никитин, муовини иқтисодии шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародархондагӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд, ки дар он ҷазби сармоягузор, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳимоят аз ҳамкориҳои мутақобили байни созмонҳои омӯзишии шаҳрҳо ва ҳамчунин заминаҳои фарҳангиву гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Дар ин қарордод ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд.

Дар вилояти Саратов беш аз 3 ҳазор нафар ва дар шаҳри Саратов беш аз 1100 шаҳрванди Ӯзбакистон иқомат доранд.

 

Бештар бихонед: