Март 04, 2021 18:26 Asia/Dushanbe
  • Кудакони бозгашта ба Узбекистон, фарзандони узбекистониҳо дар Афғонистон ҳастанд
    Кудакони бозгашта ба Узбекистон, фарзандони узбекистониҳо дар Афғонистон ҳастанд

24 кӯдаки узбек дар барномаи башардӯстона ба номи " Меҳр - 4 " аз Афғонистон ба Узбекистон бозгардонда шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс,ин 24 кӯдаки узбекистонӣ ҳангоми вуруд ба гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Тирмиз мавриди истиқболи мақомоти вилояти Сурхондарё ва раисони идораи минтақаии хадамоти амнияти давлатӣ ,вазорати корҳои дохила ва вазорати тандурустии Узбекистон қарор гирифтанд .

Дар моҳи майи соли 2019 низ дар чорчуби барномаҳои башардӯстонаи  " Меҳр ", 155 нафар зану кӯдаки узбек аз Сурия ва дар моҳи октябри ҳамон сол дар Меҳр - 2 теъдоди 64 кӯдак аз Ироқ ба Узбекистон бозгардонда шуданд .

 Дар моҳи декабри соли 2020 дар барномаи Меҳр - 3 низ 98 шаҳрванди узбек шомили 25 зан ва 73 кӯдак аз Сурия ба Узбекистон бозгардонда шуданд .

  Ин афрод аз аъзои хонаводаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳе ҳастанд, ки дар Афғонистон ва кишварҳои Ховари миёна  кушта ё зиндонӣ шудаанд .

 

  Бештар бихонед :

Барчасп