Сафари ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i89870-Сафари_ҳайати_вилояти_Сурхондарёи_Узбекистон_ба_вилояти_Хатлони_Тоҷикистон
Ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон сафар кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 14, 2022 13:09 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон

Ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон сафар кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарпарастии ҳайати Узбекистонро Тура Боболов-ҳокими вилояти Сурхондарёро бар уҳда дошт .
Ҳадаф аз сафари ин ҳайат тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ – иқтисодӣ, илмӣ – фаннӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи устонҳои Хатлон ва Сурхондарё эълом шуд .
Ин гуруҳ дар сафари дурӯза аз корхонаҳои саноъатии Хатлон ва гулхонаҳои замонавӣ , маконҳои сайёҳӣ, осори торихӣ ва арозии кишоварзӣ боздид карданд .
Ҳамчунин маҷмаъи тавсеаи ҳамкориҳои вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё дар ноҳияи Данғара баргузор шуд.