Афзоиши нигарониҳо аз сарнавишти кӯдаки рабудашудаи афғон
(last modified Sun, 07 Mar 2021 13:17:10 GMT )
Март 07, 2021 18:17 Asia/Dushanbe
  • Рабояндагон барои раҳоии ин кӯдаки афғон 1,5 миллион доллар талаб кардаанд
    Рабояндагон барои раҳоии ин кӯдаки афғон 1,5 миллион доллар талаб кардаанд

Хонаводаи Абдурауф Балхӣ, кӯдаки рабудашудаи афғон бо гузашти чаҳор моҳ аз рабудашудани ӯ ҳамчунон аз сарнавишти фарзандашон бехабаранд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузорииОво,  Абдурауфи 9 сола ҳудуди чаҳор моҳи пеш дар Мазори Шарифи маркази вилояти Балхи Афғонистон рабуда шуд. Аммо токунун аз сарнавишти ӯ хабаре дар даст нест. 

Хонаводаи тифли рабудашудаи Балхӣ борҳо ба ҳукумат ва Идораи амният ва иттилооти вилояти Балх эътироз кардаанд, аммо то ҳол барои пайдо кардани фарзанди худ ягон нишонае наёфтаанд.

Падари ин кӯдаки рабудашуда гуфтааст, ки Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ  ҳам ба ваъдааш барои наҷоти ин кӯдак аз банди одамрабоён амал накардааст

Одамрабоён барои озодии ин кӯдаки афғон якуним миллион доллар мутолиба кардаанд.

 

Бештар бихонед: