Март 09, 2021 19:56 Asia/Dushanbe
  • Номаи таҳдидомези вазири хориҷаи Амрико ба раиси ҷумҳурии Афғонистон хашми афғонҳоро барангехтааст
    Номаи таҳдидомези вазири хориҷаи Амрико ба раиси ҷумҳурии Афғонистон хашми афғонҳоро барангехтааст

Номаи вазири хориҷаи Амрико ба раиси ҷумҳурии Афғонистон ва дигар мақомоти ин кишвар дар иртибот бо "тарҳи сулҳ"-и ҷадиди Вашингтон афкори умумиро дар ин кишвар ба хашм овардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазири хориҷаи пешини Афғонистон Рангин Додфар Спанта дар Твиттер навишт: «Номаи Энтони Блинкен ҷои шодмонӣ надорад ва торих ба такрор нишон додааст, ки сарсупурдагӣ ба дигарони роҳ ба сӯи озодӣ ва ободӣ намебарад.»

Фаҳим Мирон яке дигар аз корбарони Фейсбук навиштааст: «Амрико Афғонистонро яке аз иёлатҳои худ мебинад ва номаи ЭнтониБлинкен низ ҳокӣ аз ҳамин вазъият барои кишвари мост.» 

Ҳамчунин Нимо Саъидӣ аз аҳолии Кобул номаи Амрико ба раиси ҷумҳурии Афғонистонро " бисёр таҳқиромезу тунд " хонда ва афзудааст: «Бояд аз раиси ҷумҳурӣ дар баробари Амрико ҳимоят кард ва набояд иҷозат диҳем онҳо ҳарчӣ мехоҳанд ба миллати Афғонистон таҳмил кунанд.» 

Муҳамад Балхӣ шаҳрванди дигаре аз Ҳирот ҳам навиштааст: «Муттаассифона давлатмардони Афғонистони тайи чанд қарни гузашта ҳамешаи мутеъи хориҷиҳо будаанд, аммо дар баробари ақвоми мухталифи ин кишвар истодагӣ кардаанд.»

  
Ҳодӣ Башорат донишҷӯи соли дувуми ҷомеашиносӣ дар донишгоҳи хусусии Кобул низ ба хабарнигори ИРНА мегӯяд: «Номаи вазири хориҷаи Амрико ба раиси ҷумҳурӣ на танҳо таҳқири давлат, балки таҳқири ҳамаи мардуми Афғонистон аст. Мардуми Афғонистон набояд таслими хостаҳои Амрико шаванд ва агар сиёсатмадорон ва давлатмардон тайи 20 соли гузашта ба миллати худ меандешиданд, имрӯз мавриди таҳқири Амрико қарор намегирифтанд.» 

  Энтони Бинкен вазири хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳамад Ашраф Ғанӣ навиштааст, ки ӯ " бояд " бо тарҳи ҷадиди давлати Амрико, яъне ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад. 

Ашраф Ғанӣ токунун борҳо зимни мухолифат бо тарҳи ҳукумати интиқолӣ гуфтааст, ки давлати Афғонистон таслими зӯргӯиҳои Амрико нахоҳад шуд ва интиқоли қудрат танҳо аз тариқи интихобот мумкин аст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп