Март 09, 2021 20:50 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи электриконии роҳи оҳан дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки то охири соли ҷорӣ (2021) ба баҳрабардорӣ бирасад
    Нақшаи электриконии роҳи оҳан дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки то охири соли ҷорӣ (2021) ба баҳрабардорӣ бирасад

Бар асоси созишномае, ки миёни ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон имзо шуд, Тошканд роҳи оҳани вилояти Суғдро барқӣ мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, раванди барқӣ кардани роҳи оҳани вилояти Суғд ба тӯли 108 километр, ки қаторҳои транзитии Узбакистон низ аз ин масир истифода хоҳанд кард, рӯзҳои наздик оғоз ва то поёни соли 2021 ба поён хоҳад расид. 

Бо ин мақсад бунёди хатти баландшиддати барқ ​​байни марзҳои ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Тошканд ба нақша гирифта шудааст, ки имкон медиҳад қаторҳо ба ҷои дизел бо нерӯи барқ ​​ҳаракат кунанд.

Ин иқдом ҳаракати қаторҳои барқӣ бо суръати болоро мумкин мекунад ва муҳити зистро дар ин масири пок нигоҳ медорад.

Тибқи иттилоъи ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон, ҳар сол тавассути ин хатсайр 32 ҳазор қатор ҳаракат мекунанд, ки ин тиҷоратро тавсеа медиҳад, мусофирони бештарро интиқол медиҳад, ҷойҳои корӣ фароҳам меорад ва воридоту содироти маҳсулотро афзоиш медиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп