Март 11, 2021 20:12 Asia/Dushanbe
  • Нашри дафтари аввали китоби “ Маснавии маънави ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ тавассути муҳаққиқону тарафдорони каломи бадеъ ба унвони як падидаи адабӣ эътироф шудааст
    Нашри дафтари аввали китоби “ Маснавии маънави ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ тавассути муҳаққиқону тарафдорони каломи бадеъ ба унвони як падидаи адабӣ эътироф шудааст

Интишороти “ Ойдин ”-и Тошканд дафтари аввали китоби Маснавии маънавии Ҷалолиддини Балхиро мунташир кард .

  Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, бо талоши Одил Икром-шоир ва мутарҷими тоҷик дафтари аввали китоби Ҷалолиддини Балхӣ бо номи “ Маснавии маънавӣ ” дар шуморагони 1000 нусха ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ мунташир шудааст, ки 4003 байт аст .

  Ин дар ҳоле аст ки Одил Икром, шоир ва мутарҷими тоҷик саҳми басазое дар тақвияти равобити илмиву адабӣ ва муаррифии осори нависандагони тоҷик дар миёни аҳли улуму адабиёти кишвари ҳамсояи Узбекистон, ки қаблан “ Тазкираи нависандагони муосири тоҷик ”-ро ба узбакӣ мунташир кардааст, дорад .

    Нашри дафтари аввали китоби “ Маснавии маънави ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ тавассути муҳаққиқону тарафдорони каломи бадеъ ба унвони як падидаи адабӣ эътироф шудааст.

 

   Бештар бихонед :