Март 13, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳоли бархе аз захмиҳои ин ҳодиса вахим гузориш шуда ва мумкин  аст, омори куштаҳо изофа шавад
    Ҳоли бархе аз захмиҳои ин ҳодиса вахим гузориш шуда ва мумкин аст, омори куштаҳо изофа шавад

Инфиҷори террористӣ дар шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон дастикам ҳашти кушта ва 68 захмӣ барҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Шафақно, вазорати дифои Афғонистон дар баёнияе эълом кард, бар асари инфиҷори худрави бомбгузорӣ шуда, ки соати 21 ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Ганҷи  собиқ аз ҳавзаи чаҳордаҳуми амниятии шаҳри Ҳирот рӯй дод, ҳашт ғайринизомӣ кушта ва 68 ғайринизомии дигар низ захмӣ шуданд, ки шуморе аз куштаҳо ва захмиҳои ин ҳодиса занон ва кӯдакон ҳастанд.

Ҳоли бархе аз захмиҳои ин амалиёти террористӣ вахим гузориш шуда ва мумкин аст, омори куштаҳо изофа шавад.

Фақат яке аз қурбониёни ин инфиҷор низомӣ будааст.

Устондории Ҳирот низ эълом кардааст, ки дар пайи ин ҳамла як манзили маскӯнӣ низ фурӯ рехтааст ва шуморе аз аъзои хонавода зери оворҳо мадфӯн шудаанд, ки талошҳо барои хориҷ кардани онҳо идома дорад.

Ҳарчанд токунӯн шахс ё гурӯҳе масъӯляти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифта, аммо вазорати дифои Афғонистон, Толибонро омили он муаррифӣ кардааст.

Аз замоне, ки Амрико тааҳҳудоти худ дар тавофуқномаи Қатар мабнӣ бар хориҷ нашудан аз Афғонистонро нодида гирифта ва раванди музокироти сулҳро мутаваққиф кардааст, ҷанг, инфиҷор ва террорҳои ҳадафманд дар манотиқи мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот ва Кобул густариш ёфтааст.

Аз сӯи дигар Толибон ҳушдор дода буд дар сӯрате, ки Амрико тибқи тавофуқномаи Давҳа, низомиёни худро дар моҳи май аз Афғонистон хориҷ накунад ба ҷанг, хушунат ва куштор доман хоҳад зад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп