Ноогоҳӣ, омили пайвастани афғонҳо ба ДИИШ
-
Бисёре аз диишиҳо бесаводанду маънои калимаи ДИИШ-ро ҳам намедоннд
Бисёре аз боздоштшудагони узви ДИИШ дар Афғонистон афроди ноогоҳ ва бесавод ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон (Ово ), Амруллоҳи Солеҳ-муовини раиси ҷумҳӯрии Афғонистон бо ироаи гузорише аз муҳокимаи садҳо узви ДИИШ дар Афғонистон гуфт: Бисёре аз ин афрод бесаводанду маънои калимаи ДИИШ-ро ҳам намедонанд .
Солеҳ афзуд :Бисёре аз террористҳои дахолатдошта дар бомбагузориҳои Кобул бо ҷабр ба ин ҷиноёт рӯй овардаанд.
Ба гуфтаи вай ин афрод ба хотири хостаи Толибон ва ё гурӯҳи террористии ДИИШ ба неруҳои давлатии ин кишвар ҳамла мекунанд.
Бештар бихонед :
- Афзоиши таҳдиди ДИИШ дар Афғонистон
-
Ҳушдори Созмони милал дар бораи ҳамалоти ДИИШ ба пойтахти Афғонистон
-
Ҳамкории теъдоде аз атбоъи тоҷик бо гурҳи терорристии ДИИШ дар шимоли Афғонистон