Декабр 31, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Толибон: Авомили ҳамлакунанда ба масоҷид ва мардум аз хориҷи Афғонистон буданд

Сарпарасти вазорати дифо Афғонистон мегӯяд, дар ҳамаи ҳамалоти сӯрат гирифта ба маконҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин иҷтимооти мардумӣ дар ин кишвар, атбои хориҷӣ нақш доштаанд.

Ба гузориши ИСНА, Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, сарпарасти вазорати дифои Афғонистон рӯзи якшанбе ва дар нишасти хабарии Камиссиони умӯри амниятӣ дар Кобул гуфт, «ҳалқаҳои муғризи дохилӣ ва хориҷӣ» мехоҳанд аз тарафи Афғонистон барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нигаронӣ эҷод кунанд.

Вай дар ин бора гуфт: «Барои ин ҳалқаҳои муғриз тавлиди иттилооти козиб ба тиҷорат мубаддил шудааст. Онҳо мехоҳанд аз ин тариқ имтиёзоти сиёсӣ ва моддӣ ва аҳдофи шуми худро ба даст биоваранд».

Ӯ ҳамчунин гуфта, Созмони милал ва махсӯсан Шӯрои амният туъмаи ин иттилоот шудаанд.

Муҷоҳид гуфт, Кобул ба тааҳҳудоти тавофуқи Давҳа, аз ҷумла адами истифода аз хоки Афғонистон алайҳи дигарон пойбанд аст.

Вазири дифои Толибон ҳамчунин гуфт: «Дар Афғонистон амнияти сартосарӣ таъмин аст. Ҳаводиси сӯрат гирифта тавассути ҳалқаҳои табаҳкору фитнагарон дар ин 12 моҳ дар муқоиса бо 12 моҳи гузашта 90 дарсад коҳиш ёфтааст».

Вай дар идома гуфт: «Мо аз кишварҳое, ки аносури табаҳкори хориҷӣ аз тариқи онҳо вориди Афғонистон мешаванд, ҷиддан мехоҳем, ки марзҳои заминӣ ва ҳавоишанро ба гунаи ҷиддӣ кантрол кунанд ва нагузоранд аз тариқи онҳо аносури табаҳкор вориди Афғонистон шаванд».

Ӯ бо ишора ба инки «пружаи ДИИШ дар Афғонистон ҳеҷ реша ва натиҷае надорад», гуфт, аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, ҳамалот ба масоҷиду маконҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин иҷтимооти мардумӣ дар Афғонистон, тавассути атбои хориҷӣ сӯрат гирифтааст.

Вазири дифо Толибон гуфт: «Пас аз ба қудрат расидани Иморати исломӣ, ҳамалоте, ки дар Афғонистон ба масоҷид, хонақоҳ, уламои киром ва иҷтимооти мардумӣ сӯрат гирифт, дар ҳамаи он аз атбои хориҷӣ истифодаи гирифта шуда буд. Даҳҳо шаҳрванди кишварҳои ҳамсоя дар натиҷаи амалиёти неруҳои амниятии мо кушта ва даҳҳо тани дигар дастгир шудаанд».

Муллои Яъқуб ҳамчунин гуфт: « атбои покистонӣ дар ҳамалот дахил буданд. Беш аз 20 шаҳрванди Покистон дар натиҷаи амалиёти неруҳои амниятии мо кушта шудаанд ва садҳо тани дигар дастгир шуданд».

Ӯ дар поён гуфт, неруҳои дифоӣ ва амниятии Толибон ба афви умумӣ, ки аз сӯи раҳбари ин гуруҳ эълом шуда, мутааҳҳид ҳастанд ва бо эъломи афви умумӣ, ҳеҷ мавриде сабт нашуда, ки аз он сарпечӣ шуда бошад.

 

Барчасп