Ёрии тиббии якчанд бонки аврупоӣ ба Қирғизистон
Бонкҳои Аврупо бо ирсоли дору ба Қирғизистон кумак мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бонки бозсозӣ ва тавсеъаи Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Швейтсария ва банки «Дамир» бо ҳамкории "Дармак форум" дастрасӣ ба доруҳои сохти 42 маркази доруиро барои Қирғизистон осон мекунанд.
Ин доруҳо бештар дар ҷануби Қирғизистон тавзеъ мешавад.
Ҳамчунин як анбори модерни нигаҳдории дору низ дар Ош ифтитоҳ шуд, дар маросими ифтитоҳ намояндагони дафтари шаҳрдори Ош намояндаи идораи доруҳо, намояндаи банки Дамир ва Бонки тавсеъаи Аврупо ва анҷумани корофаринони ҷавон ҳузур доштанд.
Ин анбор дар замине ба масоҳати 1600 метри мураббаъ, мутобиқ бо болотарин стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст, ки кумак ба коҳиши ҳазинаҳои амалиётӣ ва афзоиши гардиши дору аз тариқи мушорикати мустақим бо таъминкунандагони байналмилалӣ хоҳад кард.
То кунун Бонки тавсеъаи Аврупо 191 тарҳ ба арзиши 795 миллион евро дар Қирғизистон иҷро кардааст.
Бештар бихонед: