Октябр 20, 2016 17:52 Asia/Dushanbe
  • Нахустин ҳузури нозирони Тоҷикистон дар интихоботи Узбакистон

Пас аз истиқлоли Узбакистон нахустин бор нозирони тоҷикистонӣ барои назорат ба интихоботи ин кишвар ба Тошканд даъват шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", барои назорат ба интихоботи раёсатҷумҳури Узбакистон, ки чаҳоруми декабр баргузор мешавад, се мақоми Тоҷикистон ба раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар ба Тошканд сафар хоҳанд кард. Ӯро дар ин сафар Носирҷон Салимӣ, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷамшед Ҷамшедов, мушовири илмии раиси Академияи улуми Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Абдуманнон Додозода, раиси дафтари Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар ин замина гуфт, ширкати нозирони Тоҷикистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон бо даъвати ин кишвари ҳамсоя сурат гирифтааст, ки ин як рӯйдоди муҳиму нодир дар равобит ду кишвар дар 20 соли ахир маҳсуб мешавад.

Пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон равобити Тошканду Душанбе раванди мулоимтаре ба худ гирифтааст. Коршиносон сафари чанде пеши вазири умури хориҷӣ ва намояндагони ширкатҳои тиҷории Узбакистонро ба Тоҷикистон пас аз марги раисҷумҳури собиқи ин кишвар гоми мусбате дар равобити Тошканду Душанбе арзёбӣ мекунанд.