Толибон: Амрико талош мекунад тавофуқномаи Қатарро нақз кунад
Гурӯҳи Толибон, Амрикоро ба талош барои вайрон кардани тавофуқномаи Давҳаи Қатар муттаҳам кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, Толибон рӯзи ҷумъа эълом кард, ки тавофуқномаи Давҳаи байни ин гурӯҳ ва Амрико, кӯтоҳтарин роҳ барои барқарории сулҳ дар Афғонистон аст , аммо хориҷ нашудани нерӯҳои бегона аз ин кишвар дар замони таъиншуда, ба маънои нақзи тавофуқномаи Дуҳа аз тарафи Вашингтон хоҳад буд.
Толибон бо таъкид бар ин ки тӯлонӣ шудани ҷанг дар Афғонистон талафот ва хисоратҳои молӣ барои ду тараф ба ҳамроҳ хоҳад дошт таҳдид кардааст, ки агар Амрико ба замони таъиншуда барои хурӯҷи низомиёни бегона аз Афғонистон пойбанд набошад, амалиёти низомӣ алайҳи нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишварро аз сар хоҳад гирифт.
Тибқи созишномаи моҳи феврали соли 2020 байни Амрико ва Толибон дар Давҳа, Иёлоти Муттаҳида бояд нирӯҳояшро то 1 май аз Афғонистон хориҷ кунад, аммо Вашингтон саъй дорад, ки ишғоли низомии худро бо баҳонаҳои бардурӯғ, аз ҷумла мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ идома диҳад.
Бештар бихонед: