Роҳи ҳалли ҷадиди Қирғизистон барои ҳалли ихтилофҳои марзӣ бо Тоҷикистон
(last modified Sat, 27 Mar 2021 05:49:45 GMT )
Март 27, 2021 10:49 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба пешниҳодҳои Қирғизистон посух надодаанд
    Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба пешниҳодҳои Қирғизистон посух надодаанд

Қирғизистон аз Тоҷикистон хостааст, ки фармондории Ворухи ноҳияи Исфара аз тавобеи вилояти Суғд бо 12 ҳазор гектар масоҳат ва 30 ҳазор нафар ҷамъиятро дар баробари 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд ба Бишкек вогузор кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Эки пресс, Раиси комитети  давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва масъули ҳайати музокиракунандаи марзӣ бо Тоҷикистон гуфтааст, ки дар гуфтугӯҳои ахир дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ин пешниҳод ба таври расмӣ ба тарафи тоҷикӣ ироа шудааст ва мунтазири посухи тоҷикҳо ҳастем.

  
Генерал Қомчибек Ташиев бо ишора ба мушкили иртиботи заминӣ миёни фармондории Ворух дар дохили қаламрави Қирғизистон бо маркази ноҳияи Исфараи Тоҷикистон изофа кард: Дар айни ҳол Бишкек омода аст ба унвони роҳи ҳалли дувум барои ин мушкили гузаргоҳиро барои рафтуомади тоҷикҳо боз кунад.  

Мақомоти тоҷик то ба ҳол ба ин пешниҳодҳои тарафи Қирғизистон вокуниш нишон надодаанд.

Дар пайи ду даҳаи музокирот барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, токунун фақат бар сари аломатгузорӣ 506 километр аз марзи 976 километрии муштарак байни ду кишвар тавофуқ ҳосил шудааст, вале дар ин миқдор низ ҳанӯз хати марзӣ таъин нашудааст. 

Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст. 

 

Бештар бихонед: